ИНТИҚОЛИ МОЛҲОИ НАТО БА АФҒОНИСТОН ҚАТЪ КАРДА ШУД

Декабрь 16, 2008 08:42

           Кобул, 16  декабр. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости»). – Ширкати нақлиётии «Хайбар» — и  Покистон, ки  то имрӯз  яке аз  интиқолдиҳандагони  асосии   молҳои  НАТО  аз Покистон  ба  Афғонистон  ба  шумор  мерафт,  аз  рӯзи  душанбе  сар  карда, интиқоли  молу  маводи  заруриро  барои  таъмини  эҳтиёҷоти  ҷузъу  томҳои  хориҷӣ   қатъ  намуд. Қарори  қатъ  намудани  интиқоли  мол  баъди  нобуд  сохтани  садҳо  мошини   боркаши   ширкати  мазкур  дар  вилоятҳои  шимолу  ғарбии  Покистон  қабул  карда,  бо  сафари   ғайричашмдошти  Президенти  ИМА Ҷ.Буш  ба  Афғонистон  рост  омад.  Хабар  дода  мешавад, ки  ширкати  мазкур  қариб  70  фоизи  ҳамаи  молҳои  таъиноти  ҳарбӣ  ва  ғайриҳарбиро  аз  Покистон  ба  Афғонистон  интиқол  медод.

Декабрь 16, 2008 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд