ИППОДРОМ ВА ХОНАИ АҚДИ НИКОҲ РОҲБАРОНИ НАВРО ИНТИЗОРАНД

Декабрь 30, 2008 09:52

             Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ишғоли вазифаҳои директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ипподром» ва Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе қарор ба тасвиб расонд. Тибқи он, аз 29-уми декабри соли 2008 то 4-уми феврали соли 2009 дар пойтахт барои ишғоли вазифаҳои дар боло зикршуда озмун гузаронида мешавад.         Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, қарори мазкур мутобиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шуда, мақсади он дарёфти кадрҳои дорои малака ва касбияти баланди роҳбарӣ мебошад. Озмун 4-уми феврал дар пойтахт ҷамъбаст карда мешавад.

Декабрь 30, 2008 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад