ИШТИРОКИ РОҲБАРИ АМИТ «ХОВАР» ДАР МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ВАО МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Маскав, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Садриддин Шамсиддинов имрӯзҳо дар мулоқоти роҳбарону намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатҳои ИДМ ширкат меварзад, ки дар Маскав дар мавзӯи «Воситаҳои ахбори оммавӣ ва имкониятҳои башардӯстонаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил» идома дорад. Роҳбари маъмурияти мамлакатҳои ИДМ ва Балтикаи Агентии «РИА Новости» Алан Касоев изҳор намуд, ки мулоқоти мазкур бо ташаббуси агентии «РИА Новости» гузаронида шуда, ҳадафи он муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди журналистони мамлакатҳои Иттиҳод барои табдил додани фазои иттилоотии ИДМ ба воситаи самарабахши ҳамкорӣ мебошад. Намояндаи махсуси Президенти Русия дар масъалаҳои ҳамкории байналхалқии фарҳангӣ Михаил Швидкой зимни суханрониаш таваҷҷӯҳи иштирокчиён ва меҳмонони мулоқотро ба вазифаҳои воситаҳои ахбори оммавӣ ҷалб намуда гуфт : «Дар шароити имрӯза, вақте, ки бӯҳрони шадиди молиявӣ ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон таҳдид мекунад, ҳалли бисёр масъалаҳо ба суханони оқилонаи журналистону хабарнигорон ва умуман воситаҳои ахбори оммавӣ вобаста аст».Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Олег Ромодановский зикр кард, ки «Муҳоҷират яке аз нишонаҳои ҳамгироӣ мебошад. Воситаҳои ахбори оммавӣ бояд ба ин масъала баҳои ҳаққонӣ ва оқилона диҳанд». Мудири иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ Татяна Бубнова дар бораи иштироки журналистон дар тадбирҳои бахшида ба Мулоқоти сеюми зиёиёни илмию эҷодкорӣ ИДМ сухан ронд, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Вай изҳор намуд, ки воситаҳои ахбори оммавӣ вобаста ба зуҳуроти муносибатҳои бюрократӣ ва ғайра дар мамлакатҳои Иттиҳод бисёр вақт имкониятҳояшонро амалӣ сохта наметавонанд.Дар мулоқот намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ҳамаи мамлакатҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла ширкатҳои радиою телевизион, мақомоти иҷроия ва қонунбарор, доираҳои парлумонӣ ва созмонҳои байнидавлатии ИДМ иштирок доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад






