ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ ҲИСОБИ БУХГАЛТЕРӢ ДАР ИДМ ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД

Декабрь 25, 2008 12:48

         Душанбе, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Сардори раёсати  методологияи ҳисоби бухгалтерӣ ва  тафтиши молиявии  вазорати молияи ҷумҳурӣ Гулмира Ҳамроқулова дар Маскав дар маҷлиси Шӯрои  ҳамоҳангсози  ҳисоби бухгалтерии Кумитаи иҷроияи  ИДМ ва  Анҷумани муҳосибон ва муфаттишони Русия ширкат варзид. Иштирокчиёни маҷлис қарор доданд, ки  ислоҳоти низоми  ҳисоби бухгалтерӣ ва тафтиши молиявӣ дар асоси меъёрҳои  байналхалқии  ҳисоботи молиявӣ ва  меъёрҳои байналхалқии тафтишоти молиявӣ давом дода шавад. Дар маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсоз масъалаҳои  ба  ҳамдигар мувофиқ сохтани фаъолияти мақомоти  ваколатдори  давлатҳои ИДМ мавриди муҳокима қарор дода шуданд, ки масъалаҳои марбут ба ҳисоби бухгалтериро ба танзим медароранд. Маҷлиси мазкур бо ташаббуси  Пажӯҳишгоҳи муҳосибон ва  муфаттишони касбии Русия, Академияи буҷет ва хазинадории вазорати молияи Русия бо кӯмаки Думаи давлатӣ гузаронида шуд.

Декабрь 25, 2008 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд