ИСТЕҲСОЛИ КОҒАЗ, ЛИНОЛИУМ, СПИРТ ВА ОҲАР АЗ ҶУВОРИМАККА
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар қатори зироатҳои ғалладонагӣ ҷуворимакка яке аз серҳосилтарин зироат ба ҳисоб меравад,- иброз дошт доктори илмҳои кишоварзӣ С.Т. Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҷуворимакка дар кишти асосӣ ва такрорӣ истифода бурда мешавад. Дони онро барои тайёр кардани хӯрокаи серғизо истифода мебаранд. Аз ҷуворимакка консерва, ярма, оҳар, спирт истеҳсол мекунанд. Аз баргу пояи ҷуворимакка силос, сенаж, коғаз, линолиум истеҳсол карда мешавад. Дар шароити ҷумҳурии мо ҷуворимаккаи навъи «Шӯҳрат», «Дилшод», «Аскар» ва «Зоҳир»-ро, ки аз тарафи Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ офарида шудаанд, барои кишт истифода мебаранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






