ИСТЕҲСОЛИ МОШ ДАР ҲАМАИ ЗАМИНҲОИ ОБӢ ИМКОНПАЗИР АСТ

Декабрь 16, 2008 14:52

          Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба ақидаи олимони соҳаи қалбшиносӣ, мош барои кори дил ва рагҳои хунгард аҳамияти калон дорад. Аз мош хӯрокҳои гуногуни серғизо тайёр карда мешавад. Дар таркиби мош 28 фоиз сафеда, 3,4 фоиз равған, 3,2 фоиз оҳар ва 6,4 фоиз қанд мавҷуд аст. Ин зироатро дар ҳамаи заминҳои обии минтақаҳои ҷумҳурӣ истеҳсол кардан мумкин аст. Нашъунамои мош муддати кӯтоҳро дар бар мегирад. Он ба гармии ҳаво тобовар аст. Мошро дар кишти такрорӣ баъд аз зироатҳои ғалладона, сабзавотӣ ва картошкаи барвақтӣ истифода мебаранд. Мош ба намии замин ва об талаботи зиёд дошта, ҳосили хуб медиҳад. Дар ҷумҳурӣ ду навъи мош — «Тоҷикӣ-1» ва «Тоҷикӣ -2», ки офаридаи Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ мебошанд, ноҳиябандӣ шудаанд.

Декабрь 16, 2008 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд