ИСТЕЪФОИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҲИНДУСТОН ШАҲРИ ПАТИЛ

Декабрь 2, 2008 08:45

         Деҳлӣ, 2 декабр. (АМИТ «Ховар» — РБК). —  Вазири  корҳои  дохилии  Ҳиндустон  Ш.Патил  вобаста  ба  амалиёти  террористӣ  дар шаҳри Мумбай, ки  бар  асари онҳо  бештар аз  174  нафар  ҳалок  шуд,  аризаи  истеъфо  дод. Сарвазири  мамлакат  Манмоҳан  Сингх  то  ҳол  ба  аризаи  ӯ  ҷавоб  надодааст. Хабар  дода  мешавад, ки  26 – уми ноябр гурӯҳи  террористони  мусаллаҳ   дар  шаҳри  Мумбай  якбора  ба  чанд  меҳмонхона,  ресторан,  шифохона,   истгоҳи  марказии  роҳи оҳан ва  раёсати  политсия  ҳуҷум  оварданд. Онҳо  бо  пулемётҳои  вазнин,  автоматҳо ва  граната  мусаллаҳ  буданд. Муқовимати  террористон бо  қисмҳои  ҳарбии  ҳукуматӣ  бештар  аз  ду  шабонарӯз  давом  кард. Аз  рӯи  маълумоти расмӣ,  амалиёти  мазкурро  ҳамагӣ  даҳ нафар  террорист  анҷом  дод.

Декабрь 2, 2008 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд