ИТТИФОҚИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИКИСТОН 3 ЧОРАБИНӢ МЕГУЗАРОНАД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Тавре директори Хонаи кинои пойтахт Сафар Ҳақдодов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, нимаи аввали соли 2009 Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон барои гузаронидани 3 чорабинии калони фарҳангӣ омодагӣ мебинанд. Моҳҳои январ — феврал баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Рӯйхати филмҳое, ки аз ҷониби Ӯзбекистон барои тамошобинони тоҷик намоиш дода мешаванд, аллакай тартиб дода шудааст. Рӯзҳои наздик ин масъала зимни мулоқоти мақомоти роҳбарии киностудияи «Тоҷикфилм» ва сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шокасым Шоисломов мавриди ҳаллу фасл қарор хоҳад гирифт. Сафар Ҳақдодов иброз дошт, ки онҳо гузаронидани Ҳафтаи филмҳои мустанади Тоҷикистонро дар фасли баҳор ба нақша гирифтаанд. Таҳти унвони «Кинои нави Россия» моҳҳои март – апрел ҳаводорони санъати кино метавонанд, аз дастовардҳои коргардонҳои рус бохабар шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






