КӮҲҲО ДИҚҚАТИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИРО ҶАЛБ КАРДААНД
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 11-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии кӯҳро таҷлил менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки 5 сол муқаддам, 11-уми декабри соли 2003 дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус қарор қабул гардид. Ин иқдом аз ҷониби Асамблеяи Генералии СММ бо мақсади рушди минтақаҳои кӯҳистон андешида шудааст. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон бо мақсади рушди минтақаҳои кӯҳӣ чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад. Бояд зикр намуд, ки аз чор як қисми рӯи заминро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки он баробар ба 20 фоизи минтақаҳои аҳолинишин аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон ҳамчун кишвари кӯҳистон шинохта шудааст. 93 фоизи ҳудуди кишварамонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Яке аз қуллаҳои баландтарини ҷаҳон — қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки бо номи «Боми ҷаҳон» машҳур аст, дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир буда, 7 ҳазору 495 метр баландӣ дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






