КӮМАК БА ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа 3 декабр дар Маркази фарҳанги ҷавонони «Ориёно» — и шаҳри Душанбе бо донишҷӯёне мулоқот карданд, ки мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Президенти ҷумҳурӣ аз ин ноҳия дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд. Мулоқот бо ташаббуси Кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кор бо занону оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар фарҷоми мулоқот ба ҳар донишҷӯ аз номи маъмурияти ноҳия 50 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол аз ноҳияи Роштқалъа дар мактабҳои олии пойтахт бештар аз 40 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






