КӮМАК БА МӮҲТОҶОН
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова, Пайрав Назаров).- Намояндагии созмони «Оператсион мерки» — и дар Тоҷикистон ҳамроҳи вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар арафаи Иди Қурбон ба хона- интернати бачагони ноқисулақли ноҳияи Ҳисор кӯмаки хайрия расонд. Ба муносибати ин иди Саид ба бачагон 500 килограм орд, 100 килограм шакар, 2 аробачаи маъюбӣ ва 5 ҷуфт асобағал тӯҳфа карда шуд. Маблағи кӯмаки хайрия 2 ҳазору 244 сомониро ташкил медиҳад. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба муносибати Иди Қурбон ба тарбиягирандагони хона- интернати ноҳияи Қубодиён ба маблағи қариб 2 ҳазор сомонӣ кӯмаки хайрия расонд. Бо ин маблағ барои тарбиягирандагони хона — интернат маводи хӯрока, аз ҷумла орду биринҷ, равған ва либоси гарм харида шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






