КӮМАКИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАР БА ИНТЕРНАТҲО
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон ба чор мактаб – интернат кӯмаки хайрия расонданд. Онҳо ба ин мактабҳо аз ҷумла орду равған, марҷумак ва шакар тӯҳфа карданд. Кӯмаки хайрия ба тарбиягирандагони Муассисаи таълимии духтарони бесаробонмондаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боғчаи бачагонаи махсусгардонидашудаи рақами 42 – юми ноҳияи Сино, филиали мактаби миёнаи рақами 56 барои бачагони нобино ва тарбиягирандагони мактаб – интернати «Чорбоғ» расонда шуд. Муншии умумии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурӣ Зафар Муҳаббатов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки кӯмаки хайрия бо дастгирии Бонки рушди исломӣ расонда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






