«КАҲДУДИ СӮЗОН»- И САИДАҲМАДИ ЗАРДОН
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар арафаи соли нави 2009 нашриёти «Адиб» чопи асарҳои хонданибоби адибони муосири тоҷикро аз китоби «Каҳдуди сӯзон»-и нависандаи навҷӯву соҳибзавқ Саидаҳмади Зардон шурӯъ кард. «Каҳдуди сӯзон» аз ду қиссаи солҳои охири нависандаи тасвргаро-«Каҳдуди сӯзон» ва «Даври ҳафттабақаи замин», ки аз ҷониби хонандагон ҳамчун беҳтарин дастоварди эҷодӣ эътироф гаштаанд, мурттаб ёфтааст. Қиссаҳои мазкур мавзӯъҳои умдаи рӯз- муҳоҷирати кории хориҷӣ ва мушкилоти ҳаёти имрӯзи ҷаҳониро фаро гирифта, бо мазмуну мундариҷаи баланд, сабку услуби шево ва маҳорату истеъдоди хоси нависандагӣ эҷод шудаанд. Дар ин асарҳо тақдир ва ҷаҳони ботинии инсон дар лаҳзаҳои мураккабтарини ҳаёт аз лиҳози бадеият мавриди тасвиру таҳлил қарор гирифтааст. Бояд зикр кард, ки дар таърихи нашри китоби муосри тоҷик бори нахуст ду асари услубан мухолиф-қиссаи ҷиддиии замон ва танзи дархӯри ҷаҳон дар як китоб нашр гашта, хонандаро ба тафаккур вомедоранд. Сужет, банду баст ва забони шевои асарҳои мазкур шавқовару дилнишин буда, тасвири нарму мушоҳидакоронаи манзараҳои табиат ба ҳолати рӯҳии қаҳрамонон созгор омадааст. Китоб бо ороишу сифати баланди ноширӣ ва бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст. Мунақидон бар онанд, ки аз рӯи қиссаи «Каҳдуди сӯзон» беҳтарин филмномаи тоҷикиро низ таҳия кардан мумкин аст. Тарҷумаи русии қиссаи «даври ҳафттабақаи замин» бошад, танзи имрӯзи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда метавонад. Назари аксар хонандагон бар он аст, ки агар худи нависанда ин қиссаҳоро ба забони русӣ ё хатти форсӣ эҷод мекард, ба пирӯзии бештар муваффақ мегардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






