КАРТОШКА ҶАМЪОВАРӢ НАШУДА, ЗЕРИ БАРФУ БОРОН МЕМОНАД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соҳаи картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои даромаднок ва муҳим дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар маҳсуб меёбад,- иброз дошт сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ С. Баҳриддинов ба мухбири АМИТ «Ховар». Тибқи маълумоти фаврии Раёсати мазкур, дар ин рӯзҳо тамоми корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба ҷамъоварӣ ва захираи картошка машғуланд. Дар соли ҷорӣ дар масоҳати 9827 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки аз он то имрӯз 9360 гектараш ҷамъоварӣ шудааст. Ҷамъоварии картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 300 га камтар аст. Бо сабаби суст будани ташкили кор, картошка ҷамъоварӣ нашуда, зери барфу борон мемонад. Тибқи нақша, дар соли 2008 ҷамъоварии 212 ҳазору 931 тонна картошка дар назар аст. То 8-уми декабри соли 2008 189 ҳазору 279 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин баробар ба 89 фоизи нақшаи пешбинишуда аст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






