КАСЕ АЗ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕРМИНАЛИ НАВ ШИКОЯТ НАКАРДААСТ!
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи сардори басти хизмати боркашонии Хадамоти тиҷоратию истеҳсолии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе Хуршед Ҷӯраев, терминали парвозҳои дохилӣ дар муддати камтар аз 1 сол сохта, ба истифода дода шудааст, ки ҷавобгӯи талаботи замон аст. Ҳар рӯз аз ин терминал 4 маротиба парвоз тавассути таёраи АН-24 ба вилояти Суғд ва тариқи чархбол ба ноҳияҳои Айнию Панҷакент сурат мегирад. Баъзан тариқи шартнома аз ин терминал ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон низ парвози тайёраҳо сурат мегирад. Касе то имрӯз аз хизматрасонии кормандони терминали нав шикоят накардааст, нархи чиптаҳо ҳам чандон гарон нест. Тоҷирон истифода аз хатсайри парвози Душанбе-Хуҷандро қулай ва дархӯри шароити мусофирон медонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






