«КИШОВАРЗ» БО «ПИВЗАВОД» МУСОБИҚА КАРДА, ДАСТБОЛО ШУД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, кумитаи иттифоқҳои касабаи вазорат бо дастгирии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов аз ҳисоби ҷавонони варзишгари вазорат дастаи футболи «Кишоварз»-ро дар ҳайати 20 нафар таъсис дод. Сармутахассиси шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии вазорат Юсуф Қурбонов роҳбари даста таъин шуд. Дастаи «Кишоварз» аз 27-уми октябр то 28-уми ноябри соли ҷорӣ ба муносибати Иди «Меҳргон» бо дастаҳои футболи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, дастаи «Пивзавод» ва боз ҳафт дастаи мухталиф қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷои аввал дониста шуд. Дастаи «Кишоварз» тасмим гирифтааст, ки аз оғози соли 2009 барои ширкат дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва дарёфти роҳхат ба лигаи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро давом диҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






