КИШТИ ҒАЛЛАДОНА АЗ ПОРСОЛА 62 ҲАЗОРУ 383 ГЕКТАР ЗИЁД АСТ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 1-уми декабри соли ҷорӣ аз 238 ҳазору 800 гектар нақшаи кишти тирамоҳии ғалладона ва картошка, майдони 148 ҳазору 433 гектари он кишт карда шудааст, ки ин ба 65,5 фоизи нақша баробар аст. Ба ақидаи сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов, кишти тирамоҳии ғалладона нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба андозаи 62 ҳазору 383 гектар зиёд мебошад. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳи соли ҷорӣ дар майдони 3 ҳазору 81 гектар кишти сабзавот ва дар масоҳати 113 гектар картошкаи тирамоҳӣ шинонда шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






