КИШТИ ТИРАМОҲӢ ДАР 15 РӮЗИ МОҲИ ДЕКАБР ҲАМ ИДОМА ЁФТ

Декабрь 18, 2008 08:43

                  Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, дар 15 рӯзи моҳи декабри соли ҷорӣ кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона, картошка ва сабзавот идома ёфт.                 Тибқи дурнамои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, кишти тирамоҳии заминҳои ғалладона, картошка ва сабзавот 247 ҳазору 653 гектарро ташкил медиҳад.                  То 15-уми декабри соли ҷорӣ дар масоҳати 207 ҳазору 99 гектар кишт гузаронида шудааст, ки 83, 6 фоизи дурнамои Раёсати ратанипарвариро дар бар мегирад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119 ҳазору 972 гектар зиёд аст. Аз масоҳати замини киштшуда 197 ҳазору 48 гектараш кишти гандуми тирамоҳӣ мебошад.  

Декабрь 18, 2008 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад