КИТОБЧАҲОИ КӮДАКОНАРО ГИРД ОВАРДА, ЧОП КАРДАНД
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар нашриёти «Эҷод» бо номи «Китобчаҳои заррин» китоби наве барои кӯдакону наврасон аз чоп баромад. Муаллифи китоб Муҳаббати Юсуф буда, дар он қариб ҳамаи китобчаҳои кӯдаконае, ки дар давоми соли 2008 нашр шуда буданд, гирд оварда шудаанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи кӯдаконаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар Афғонов хабар дод, шумораи китобчаҳои ҷамъомада 16 ададро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки ин дастур як намуд хулосаи библиографӣ ва таҳлили китобчаҳои кӯдакона буда, дар таърихи адабиёти тоҷик аввалин бор таҳия мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






