КОМЁБИИ ТАЭКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД

Декабрь 10, 2008 15:57

        Душанбе, 10   декабр. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). –  Таэквондочиёни  тоҷик  дар  мусобиқаи  кушоди  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  ширкат  варзида,  6  медали тилло,  6  медали  нуқра  ва  5  медали  биринҷӣ  ба  даст  оварданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   дар ин  мусобиқа  аз  Тоҷикистон 38  варзишгар   иштирок  намуд. Дар  ҷараёни  мусобиқа  варзишгарон   Фарҳод  Неъматов,  Насриддин  Ворисов,  Сунатулло  Шеров,  Сергей Ли,  Шаҳноза  Бобокалонова  ва  Бунафша Саидалиева   соҳиби  медали  тилло,  варзишгарон Алишер  Гулов,  Ҷамшед  Сайфиддинов, Ғанӣ  Имомов,  Диловар  Зайниддинов,  Парвина  Розиқова,  Таҳмина  Хоҷаева  ва  Адолат  Сафарова соҳиби  медали  нуқра  шуданд. Медали  биринҷӣ насиби  варзишгарон  Амриддин  Мирзоев,  Хисрав Ғиёсов  ва  Шаҳриёр  Каримов  гардид. Варзишгарони тоҷик   дар  ин  мусобиқа аз  рӯи   ҳисоби  умумӣ  баъди  соҳибони  майдон  ҷои  дуюмро ишғол  намуданд.

Декабрь 10, 2008 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид