КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА 100-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Декабрь 22, 2008 14:41

                Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯзҳо бахшида ба 100-солагии зодрӯзи қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар бисёр донишгоҳу муассисаҳои фарҳангӣ чорабиниҳо мегузаронанд. Аз ҷумла, дар Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А. Фирдавсӣ таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров ва масоили китобдории сарчашмаҳои таърихӣ» конфронси илмӣ баргузор гардид.               Дар он олимону муаррихон ва кормандони китобхона иштирок намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти академик, аҳамияти «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров ва саҳми ӯ дар таъмини библиографии манбаъҳои таърихӣ маърӯза хонданд.                Зикр гардид, ки саҳми Бобоҷон Ғафуров дар шиносониди тоҷикон ва фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ба мардуми ҷаҳон назаррас аст. Академик бо эҷоди асари баландмазмуни худ «Тоҷикон» тавонист барои имрӯзу ояндаи миллати тоҷик осори гаронбаҳое ба мерос гузорад. Ин аст, ки китоби «Тоҷикон» аз тарафи хонандагон бо мароқи беандоза мутолиа шуда, ҳамчун сарчашмаи таърихӣ ба олимону муаррихони тоҷик хизмат мерасонад.  

Декабрь 22, 2008 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд