КОНСЕРТИ ХОТИМАВИИ ОЗМУНИ «СУРУДИ СОЛ» МОҲИ МАРТ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Консерти хотимавии «Суруди сол — 2008» моҳи марти соли 2009 баргузор мегардад. Айни ҳол тайёрӣ ба озмуни мазкур давом дорад. Дастаҳои эҷодӣ ва овозхонон барои иштирок дар озмун ариза дода метавонанд. Аз вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар озмуни имсола танҳо сурудҳои эстрадӣ иҷро карда мешаванд. Соли 2007 кӯшиш карда шуд, ки дар озмуни «Суруди сол» жанрҳои дигари мусиқӣ низ иҷро карда шаванд. Ин тадбир натиҷаи дилхоҳ надод. Бинобар ин имсол дар озмун танҳо сурудҳои эстрадӣ садо медиҳанд. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки озмуни «Суруди сол» дар арафаи иди Наврӯз гузаронида хоҳад шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






