КОНСУЛХОНАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ БА КОРГАРОНИ МУҲОҶИР ЁРӢ МЕРАСОНАД
Душанбе, 6 декабр. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Рӯзҳои охир баъзе расонаҳои гурӯҳии Русия ва Тоҷикистон хабар доданд, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар Екатеринбург барои напардохтани музди кори семоҳаашон корпартоӣ мекунанд. Сардори раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ин масъаларо шарҳ дода, зикр намуд, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар Екатеринбург на барои гузаронидани корпартоӣ, балки барои гирифтани музди корашон ҷамъ омадаанд. Консулхонаи Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳамроҳи намояндагиҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилии Русия барои ҳалли ин масъала тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Масъалаи мазкур тақрибан ҳал карда шудааст, гуфт дар хотима Давлат Назриев.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






