КОРХОНАҲОИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД

Декабрь 30, 2008 09:16

         Қӯрғонтеппа,  30  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев). – Дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа  ярмаркаи  маҳсулоти  корхонаҳои  саноатии  вилояти  Хатлон  баргузор  гардид. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   намояндагони  корхонаҳои  саноатӣ  дар  ин  ҷо  дар  бораи  ҳамкорӣ ва  фурӯши  маҳсулот   созишномаю  қарордодҳо  имзо  карданд. Мудири  шӯъбаи   саноати  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилоят Абдуҷаббор  Баҳодуров  зикр  кард, ки  айни  ҳол  дар  вилояти  Хатлон  220 корхонаи  саноатӣ  фаъолият  дорад.  Дар  давоми  11  моҳи  соли  равон  дар  вилоят   15  корхонаи  нави   саноатӣ  ба  кор   дароварда  шуд.  Дар  натиҷа  бештар аз  800  нафар  бо  кор таъмин  гардид. Корхонаҳои  саноатии  вилоят   дар  ин  муддат  ба  маблағи  як  миллиарду 333 миллион  сомонӣ  маҳсулот  бароварданд.

Декабрь 30, 2008 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд