КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МОЛИЯВӢ БА ЧОРВОДОРОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Мутахассисони Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ барои гурӯҳи калони роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ноҳияи Файзобод семинар гузаронд. Дар семинар 20 нафар роҳбарон ва мутахассисони хоҷагиҳои фермерӣ ширкат варзиданд. Ҳадафи он вусъат додани доираи дониш ва беҳтар сохтани малакаи касбии коргарони хоҷагиҳо, хусусан чорводорон, роҳу усулҳои тартиб додани нақшаи хӯрокдиҳии чорво бо мақсади зиёд кардани шири говҳо буд. Яке аз иштирокчиёни семинар Анзурат Сафиева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки пеш аз ин ба чорво бетартибона хӯрок дода мешуд. Мо ба туфайли семинар тарзи дурусти додани хӯрокаро ба чорво омӯхтем. Дар натиҷа барои зиёд кардани маҳсулоти чорво имконияти хуб пайдо намудем, гуфт А.Сафиева.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






