КОРШИНОСОН БАРНОМАИ ТАКМИЛИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРАТРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). — Дар Душанбе маҷлиси гурӯҳи кории давлатҳои ИДМ бахшида ба муҳокима ва такмили сиёсати муҳоҷират давом дорад. Дар он гурӯҳҳои коршиносон аз Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок доранд. Иштирокчиёни маҷлис зикр карданд, ки ҳадафи асосии сиёсати давлатии муҳоҷират бартараф сохтани оқибатҳои манфии ҷараёни муҳоҷират, танзими муҳоҷирати коргарон, муҳайё сохтани шароит барои эҳтироми ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар қаламрави давлатҳои ИДМ мебошад. Бо ин мақсад дар маҷлис барномаи махсус баррасӣ карда мешавад. Дар он самтҳои асосӣ ва роҳу усулҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати коргарон дар қаламрави ИДМ ифода ёфтаанд. Барнома ҳадафу вазифаҳо ва принсипҳои ҳамкориро дар ин соҳа муайян менамояд. Қайд карда шуд, ки аз Федератсияи Русия ва мамлакатҳои дигар рондани коргарони муҳоҷири тоҷик оқибати манфии ахлоқию моддӣ дошта метавонад. Дар маҷлис зикр шуд, ки вақтҳои охир коршиносон масъалаи амалӣ сохтани сиёсати «авфи» коргарони муҳоҷирро бештар мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ин сурат коргарони муҳоҷири аз баъзе мамлакатҳо рондашуда имконият пайдо мекунанд, ки мувофиқи қонун ба мамлакатҳои қабулкунанда баргашта, аз роҳҳои ғайриқонунӣ истифода набаранд.Тарҷумон — Қудратов А.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






