КОРШИНОСОНИ ОСОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

Декабрь 9, 2008 15:25

          Душанбе,  9   декабр.  (АМИТ «Ховар»,  Таҳмина  Ғоибназарова). –  Дар  Осорхонаи  ҷумҳуриявии ёдгориҳои  атиқаи  Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ  бо  иштироки   коршиносону  мутахассисони  осорхонаҳои  Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон  ва  Туркманистон  дар  мавзӯи «Нигоҳ  доштани  асарҳои  санъати тасвирӣ ва  деворнигораҳо»  семинар   давом  дорад.  Семинари  мазкур   5  рӯз  давом  мекунад. Ташкилкунандагони он  Пажӯҳишгоҳи  таъриху   бостон ва мардумшиносии  Академияи  илмҳои  Тоҷикистон  ва Пажӯҳишгоҳи   миллии таҳқиқоти  ёдгориҳои  фарҳангии  Токио  мебошанд.            Директори  осорхона  Саидмурод  Бобомуллоев  зимни  сӯҳбат  бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  иқрор  шуд, ки   дар  Тоҷикистон  мисли  ҳамаи  мамлакатҳои  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  дар  бобати  барқарор  намудан ва  нигоҳ  доштани  асарҳои   санъати тасвирӣ  ва деворнигораҳои  қадима   проблемаҳои  зиёд  мавҷуданд. Дар  мамлакати мо  дар ин  соҳа  пеш  аз  ҳама  кадрҳои  мутахассис  намерасанд. Мо  инчунин  асбобу  анҷоми  зарурии  таҳқиқи  деворнигораҳо  надорем. Илова  бар ин   барои   харидани онҳо  маблағи  зарурӣ  ҷудо  карда  намешавад. Дар  натиҷа  теъдоди  хеле  зиёди  асарҳои  қадимаи  санъати  тасвирӣ  ва деворнигораҳо  бебозгашт  аз  байн  рафтанд,   гуфт С.Бобомуллоев.               Мутахассисони  Ҷопон   дар  давоми  семинар  ба  кормандони  осорхонаҳои  Тоҷикистон  роҳу  усулҳои  имрӯзаи  таҳқиқи   рангҳои  қадима  ва  муҳайё  кардани шароитро барои  нигоҳ  доштани  асарҳои  санъати  тасвирӣ  меомӯзанд.

Декабрь 9, 2008 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид