КОРШИНОСОНИ РОССИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН СЕМИНАР МЕГУЗАРОНАНД

Декабрь 4, 2008 10:45

             Душанбе, 4  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова). – Раиси  палатаи  савдо ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф Саид  бо  гурӯҳи намояндагон ва коршиносони Палатаи тиҷоратии  Федератсияи  Россия  мулоқот  кард. Зимни  мулоқот  масъалаҳои   марбут  ба  вазъи  имрӯзаи  ҳамкории палатаҳои  тиҷоратии  ҳар  ду  кишвар ва  рушди  муносибатҳои онҳо дар  доираи  Шӯрои  палатаҳои  савдою  саноати  мамлакатҳои  ИДМ  баррасӣ  карда  шуданд.            Мусоҳибон  ба баъзе  проблемаҳои  амалӣ  сохтани   паймонҳои   ҳар  ду  мамлакат,  хусусияти   гузаронидани  ташхиси  мустақилона  ва  додани  сертификатҳои  муайян  намудани  маҳалли  истеъсоли мол  ва  ғайра  диққати  калон  доданд. Ш. Саид  аз  сатҳи  имрӯзаи  муносибатҳо ва  ҳамкории   Платаҳои  савдо ва  саноати  Тоҷикистону  Россия  изҳори  қаноатмандӣ  намуд. Вай   аҳамияти  калони  омода  сохтани  мутахассисони  варзидаро  барои  Тоҷикистон  таъкид  кард.            Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  мутахассисони  палатаи  тиҷоратии   Русия  барои  ҳамкасбони  худ  дар  мавзӯъҳои  гуногун  семинар   мегузаронанд.  Семинари  мазкур  мувофиқи  паймони  бадастовардаи  Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Палатаи  тиҷоратии  Россия  гузаронида  мешавад. Семинар  се  рӯз  давом  мекунад.

Декабрь 4, 2008 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд