КУШТОРИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКРО ЯКЕ АЗ СОЗМОНҲОИ МИЛЛАТГАРО БА ЗИММА ГИРИФТ
Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сардори раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон Давлат Назриев воқеаи куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷикро дар вилояти Маскав шарҳ дода, зикр намуд, ки маъмурияти ҷумҳурӣ шаҳрвандони худро дар мавриди ҳадафи ҳуҷум ва муносибатҳои бераҳмона қарор гирифтанашон ҳамеша ҳифз мекард ва мекунад. Қайд карда шуд, ки ВКХ Тоҷикистон вобаста ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Маскав ба намояндагии дипломатии Русия дар Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ супурдааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки масъулияти куштори шаҳрванди тоҷик С.Азизовро яке аз созмонҳои то ҳол номаълуми ифротгарои «Созмони ҷангии миллатгароёни рус» ба зимма гирифтааст. Дар ин бора варақае шаҳодат медиҳад, ки баъди содир намудани ҷинояти мазкур ба чанд созмони муҳофизи қонун фиристода шуд. Дар варақа ба унвони мансабдорони давлатию ҳукуматии Русия таҳдид карда мешавад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки агар мансабдорон боз ҳам бештар ба омадани коргарони муҳоҷир ба Русия мусоидат кунанд, сари худи онҳо аз тан ҷудо карда хоҳад шуд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, айни ҳол дар саросари Русия бештар аз 600 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Аз рӯи маълумоти Дафтари ҳуқуқи инсони Маскав, теъдоди қурбониёни зӯроварию ҳуҷумҳо дар заминаи нафрату хусумати нажодию миллӣ дар давоми 11 моҳи соли равон 1,5 баробар афзудааст. Соли 2007 дар Русия 74 мардикори тоҷик кушта шуда буд, шумораи онҳо дар давоми 11 моҳи соли равон аллакай ба 114 нафар расид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






