КУШТОРИ ВАҲШИЁНАИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ
Маскав, 15 декабр.(АМИТ «Ховар» — Ҳалима Хушқадамова). — Шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 20 — солаи деҳаи Ҳоҷидурбии ноҳияи Шаҳритус Салоҳиддин Азизов 6 декабр дар ҷангалзори наздикии деҳаи Жабкинои ноҳияи Ленини вилояти Маскав ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. Аз намояндагии Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Салоҳиддин Азизов ва Ҷамолиддин Алиеви 22 – сола дар ҳамин деҳа зиндагӣ карда, дар анбори сабзавоти Покровский кор мекарданд. Ҳар дуи онҳо ҳамон рӯзи наҳс бо қатори роҳи оҳани барқӣ ба маҳалли истиқоматашон бармегаштанд. Дар роҳ ду шахси номаълуми бо туфангча мусаллаҳ ба шарвандони тоҷик ҳуҷум овард. Ба Ҷ.Алиев муяссар шуд, ки аз маҳалли фоҷиа гурехта, худро наҷот диҳад. Ҷасади сарбуридаи С. Азизов баъди як рӯз аз минтақаи ҷангалзор ёфт шуд. Фарроши яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Можайск субҳи барвақт пакети полиэтилениро ёфт, ки дар он сари буридаи С.Азизов андохта шуда буд. Пеш аз ин шахсони номаълум ба воситаи телефони мобилӣ ба баъзе созмонҳои ҳомии ҳуқуқ сурати сари буридаи шаҳрванди тоҷик ва варақаеро фиристоданд, ки муаллифони он аъзои «Созмони ҷангии миллатгароёни рус» буданд. Дар варақа гуфта мешуд : «8 декабр сари буридаи яке аз ишғолгарони аз Осиёи Марказӣ ба Русия омада ба бинои маъмурияти ноҳияи Можайски шаҳри Маскав партофта шуд. Ба мо миллионҳо нафар қафқозиҳо ва Осиёи Марказиҳо лозим нестанд. Агар мансабдорон мисли пештара намояндагони миллатҳои дигарро ба Русия оранд, мо ба нест кардани худи мансабдорон шурӯъ мекунем…» Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки вобаста ба ин воқеаи мудҳиш парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






