КВД «ДУШАНБЕВОДОКАНАЛ» ОГОҲ МЕКУНАД
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Сармуҳандиси Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбеводоканал» Мирзо Хушвақтов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо мақсади иҷрои корҳои тармимӣ дар шабакаи обрасонии шаҳри Душанбе аз соати 8 — и 19 декабр то соати 8 — и 21 декабри соли 2008 ҳаҷми интиқоли оби ошомиданӣ ба сокинони ва истифодабарандагони об дар ноҳияи Сино — маҳаллаҳои Калинин, Меҳробод, Алии Ҳамадонӣ, маҳаллаҳои Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Қазоқон, Қарамишикор, Муҳандис ва маҳаллаҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, маҳаллаҳои якуму дуюми Испечак, маҳаллаҳои якуму дуюми Зарафшон, дар кӯчаи Қаҳҳоров ва маҳаллаи Дарвоз, инчунин маҳаллаҳои 41, 42, 43, 44, 45, 46 — и ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаи Маркази барқу гармидиҳӣ маҳдуд карда мешавад. Бинобар ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҳаҷми зарурии обро барои ду шабонарӯз захира кунанд. Мирзо Хушвақтов афзуд, ки баъди анҷом ёфтани корҳои тармимӣ ба сокинони маҳаллаҳои мазкур бе огоҳии махсус об дода мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






