ЛАБАРАТОРИЯИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТИ ГУМРУК ҶТ СОҲИБИ ДАСТГОҲИ ТАШХИСӢ ШУД

Декабрь 15, 2008 15:37

         Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Яке аз рукнҳои фаъолияти гумрукӣ, ки чун дигар ҷабҳаҳои он  бевосита ба ҳимояи иқтисодиёти мамлакат равона шудааст, экспертизаи гумрукӣ мебошад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»  сардори Лабораторияи  гумрукии марказии  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафол  Мӯсоев иттилооъ дод, бо назардошти аҳамияти ин риштаи фаъолият Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи Иттиҳоди Аврупо  барои расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати таҷҳизонидани Лабораторияи гумрукии марказӣ муроҷиат намуд. Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дархости Хадамоти гумруки Тоҷикистонро ба эътибор гирифта, ба маблағи 270 ҳазор евро таҷҳизоти лаборатории замонавӣ таҳвил намуд. Аз ҷумла имрўз дастгоҳи хроматографии газӣ, ки барои ташхиси  намудҳои мухталифи мол истифода мешавад, дар лаборатория насб гардид. Намояндаи заводи истеҳсолкунанда тайи як ҳафта бо мутахассисони Лабораторияи гумрукии марказї ҷиҳати истифодаи дастгоҳи мазкур машғулият мегузаронад.

Декабрь 15, 2008 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид