ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ЧКАЛОВСК БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД
Чкаловск, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Роҳбари Ҷамъияти саҳомии «Капиталстройсервис» Ғаниҷон Додобоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки то имрӯз дар сохтмони бинои Литсейи Президентӣ дар шаҳри Чкалоск 4 миллион сомонӣ сарф шуд. Вай зикр намуд, ки сохтмони бинои мазкур солҳои 80 – уми асри гузашта оғоз ёфта буд. Тибқи нақша, дар ин ҷо мебоист мактаби намунавӣ сохта мешуд. Сохтмони бинои литсей ба зиммаи коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии «Капиталстройсервис» гузошта шудааст. Ғ.Додобоев афзуд, ки акнун дар ин ҷо ба ҷои мактаби намунавӣ Литсейи Президентӣ сохта мешавад. Маблағи боқимонда барои сохтмони он аз буҷети вилоят ҷудо карда мешавад. Бинои литсей рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдат ба истифода дода мешавад, ки имсол дар Хуҷанд ҷашн гирифта хоҳад шуд. Дар литсей аз тамоми гӯшаю канорҳои мамлакат 1296 талаба таҳсил мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






