МӮҲЛАТИ ҚОНУНИГАРДОНИИ МОЛУ МУЛК 6 МОҲ ТАМДИД КАРДА ШУД

Декабрь 23, 2008 14:48

         Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-  Қонунигардонии молу мулк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 6 моҳ тамдид карда шуд. Дар ин хусус 23 –юми декабр палатаи поёнии парлумони мамлакат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк» тағйирот ворид кард. Зимни шарҳи ин масъала раиси Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев гуфт, ки тамдид кардани мӯҳлати қонунӣ гардонии молу мулк аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод шудааст.        Бояд зикр кард, ки қонуни мазкур ба шаҳрвандон ва  шахсони  ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки молу мулки худро қонунӣ гардонанд. Қонуни мазкур 23- юми майи соли 2007 қабул карда шуда буд ва  амалӣ гардонидани он мебоист то 31- уми декабри  соли 2008 ба анҷом расонида мешуд.        Мақсади асосии қонуни мазкур ба гардиши расмии иқтисодӣ ҷалб намудани молу мулк, муайян намудани моликияти ҳуқуқии шахсони воқеӣ, беҳтар сохтани фазои иқтисодии кишвар ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат мебошад.

Декабрь 23, 2008 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид