М. УБАЙДУЛЛОЕВ БА АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ОРДЕНУ МЕДАЛ СУПОРИД

Декабрь 18, 2008 16:25

                      Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-18 -уми декабр дар анҷоми иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана раиси палатаи болоии парлумони мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинонаш, раисони вилоятҳои Суғд Қоҳир Расулзода, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони кумитаҳои палатаи болоии парлумони мамлакат Маҳкам Маҳмудов ва Мамадшо Илолов медали ҷашнии «15-умин солгарди Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия»-ро супорид. Ҳамчунин ба М. Маҳмудов ва М.Илолов ордени фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ «Содружество» («Ҳамбастагӣ») супорида шуд.                      Маҳмадсаид Убайдуллоев роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ суханронӣ карда, гуфт, ки намояндагони палатаи болоии парлумони Тоҷикистон маҳз бо шарофати нақши босазояшон дар тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия бо чунин мукофотҳои олӣ сазовор гардиданд. -Ин раванд аз рушди парламентаризм дар мамлакат шаҳодат медиҳад, -зикр кард М. Убайдуллоев.                      Ҳамчунин, М. Убайдуллоев ба ду аъзои Маҷлиси миллӣ- Абдуҷаббор Зардиев ва Нарзулло Ҷонов ифтихорномаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ -ро супорид.

Декабрь 18, 2008 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад