М. УБАЙДУЛЛОЕВ «ДУРДОНАҲОИ ШАРҚ»-И ШАНХАЙРО ТАМОШО КАРД

Декабрь 4, 2008 16:57

         Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 4 декабр дар ҷараёни сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба яке аз шаҳрҳои тараққикардаи ин кишвар –Шанхай рафт. Тибқи иттилои  ёвари раиси палатаи болоии парлумони мамлакат Шавкат Саидов, раиси Маҷлиси миллӣ аз як қатор иншооти муҳими шаҳри Шанхай дидан намуд. Аз ҷумла, М. Убайдуллоев манораи телевизионии «Дурдонаи Шарқ», шабакаи поезди суръатнок —  «Лунян»-ро тамошо кард. Инчунин, 4-уми декабр М. Убайдуллоев бо раиси Комиссияи доимиии Маҷлиси намояндагони  шаҳри  Шанхай Лю Юнган вохӯрда, масъалаҳои муҳими тақвияти робитаҳои иқтисодиву иҷтимоии байни шаҳрҳои Душанбе ва Шанхайро баррасӣ карданд.

Декабрь 4, 2008 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд