М. УБАЙДУЛЛОЕВ КӮДАКОНРО БО СОЛИ НАВ ТАБРИК ГУФТ

Декабрь 27, 2008 13:10

         Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-27-уми декабр дар толори Сирки давлатӣ барои кӯдакони пойтахт чорабинии идонаи солинавӣ гузаронида шуд. Кӯдакону наврасонро Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фарорасии Соли Нави мелодии 2009 сидқан табрик гуфт. Раиси шаҳр ба кӯдакон осмони соф, саломатӣ ва хушбахтиро таманно карда, тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Дар гирди арчаи солинавӣ Бобои Барфӣ ва Барфак, қаҳрамонҳои афсонавӣ ва гурӯҳҳои рақсию ҳунарии пойтахт бо барномаи ҷолиби солинавӣ баромад карданд.         Бояд зикр намуд, ки барномаи таҳиянамудаи солинавӣ, ки 1,5 соат давом кард, хеле ҷолиб ва рангину хотирмон гузашт. Бахусус ҳунарнамоии дорбоздухтарони тоҷик хело диққатҷалбкунанда буд. Ба андешаи коргардони ин барнома Набӣ Ҷалолов, барои пурмӯҳтаво ва ҷолиб баромадани барнома артистони сирки давлатӣ ва дигар гурӯҳҳои рақсию ҳунарии пойтахт муддати як моҳ кор карданд. Бояд тазаккур дод, ки то 20-уми январ дар толори Сирки давлатӣ барномаҳои ҷолиби сиркӣ пешкаши кӯдакону наврсон мегардад.

Декабрь 27, 2008 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид