МАҚСАДИ АСОСӢ БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ЗИНДАГИИ НИЁЗМАНДОН АСТ
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ Ховар, Фарангис Раҳимова).- Ташкилоти байналхалқии Оперейшн Мерсӣ солҳост, ки дар самти беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад. Тавре намояндаи ташкилоти мазкур Собирҷон Сафаров ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шӯъбаи Оперейшн Мерсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якҷоягии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон ба Хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Ҳисор маводи хӯрока, аз ҷумла 500 кг орд, 100 кг шакар, 2 дона аробачаҳо барои маъюбон ва 5 ҷуфт асобағал ҳадя намуданд, ки маблағи умумии он 2244 сомониро ташкил медиҳад. Шӯъбаи Оперейшн Мерсӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 15 сол аст ки фаъолият мекунад. Мақсади асосии ин барнома беҳтар намудани вазъи зиндагии ниёзмандон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






