МАҲДУДИЯТИ РАФТУОМАДИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ БЕКОР КАРДА ШУД

Декабрь 6, 2008 10:46

               Душанбе, 6 октябр. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳдудияти рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистонро ба воситаи сарҳади худ бекор кард. Дар ин бора аз сафоратхонаи ин мамлакат дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев зикр намуд, ки маҳдудияти рафту омади шаҳрвандон дар қисми зиёди гузаргоҳҳои сарҳадии Ӯзбекистон бекор карда шуд.              Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 1 декабр зимни сӯҳбат бо сафири кабири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоисмоилов масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла рафту омади шаҳрвандони тоҷикро ба воситаи марзҳои Ӯзбекистон баррасӣ намуд.              Ёдовар мешавем, ки дар давоми маҳдудияти рафту омади шаҳрвандон танҳо кормандони сохторҳои дипломатӣ, шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ватан баргаштанианд, аз сарҳадҳои Ӯзбекистон гузашта метавонистанд.

Декабрь 6, 2008 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад