МАҲМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ МУДИРИ ШӮЪБАРО АЗ ВАЗИФА САБУКДӮШ КАРД
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо хулоса аз натиҷаи фаъолияти соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва проблемаҳои дар он ҷойдошта, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси шаҳр Насриддин Ваҳҳобовро аз вазифа сабукдӯш намуд. Дар ҷаласа масъулини соҳаҳои марбутаи пойтахт доир ба истифодаю идораи моликияти коммуналӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва вазъи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти коммуналӣ, хусусан дар бораи риояи системаи чиптавии мусофиркашонии пойтахт гузориш доданд. Раиси шаҳр зикр кард, ки бо сабаби воқиф набудани мусофирон ва ба таври дилхоҳ ташкил накардани назорати зарурӣ, алҳол низоми чиптавӣ ба таври самарабхш истифода намегардад. Ба андешаи раиси шаҳр, ин тадбир манфиатбахш ва бебозгашт аст. Аз ин рӯ, М. Убайдуллоев ба директорони корхонаҳои коммуналии мусофиркашониро якҷоя бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт супориш дод, ки назорати тадбиқи доимии системаи мавҷударо ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






