МАҲСУЛИ ДАСТИ ТОҶИКОН ДАР ЭРОН БА НАМОИШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

Декабрь 10, 2008 16:48

        Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 10-уми декабр дар қасри «Фарҳангсаройи миллал»-и Теҳрон ҳафтаи дӯстии Тоҷикистону Эрон оғоз гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил карда шуда, мақсади он тақвият додани робитаҳои фарҳангии ду кишвари форсизабон мебошад.        Ҳайати фарҳангиёни тоҷик, ки ба он ҳунармандони шинохта, мутрибону тарроҳон ва аксбардорон шомиланд, муддати як ҳафта бо ҳунари волою нотакрори худ Тоҷикистонро ба эрониён муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла, ҳунармандони машҳури тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Қурбоналӣ Раҳмонов ва дигар гурӯҳҳои ҳунарӣ бо барномаҳои ҷолиби консертӣ дар назди сокинону меҳмонони Теҳрон баромад менамоянд. Инчунин, дар доираи ҳафтаи дӯстӣ намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ташкил карда шуда, тарроҳи шинохта Мукаррама Қаюмова маҳсули ҳунари дастони худ-мӯдҳои гуногунро ба маърази тамошо мегузорад. Намоиши суратҳо, ки дар он аксҳои суртгири шинохта Заур Дахте ба маърази тамошо гузошта мешавад, бинандаро бо рӯзгори тоҷикистониён ошно месозад. Ҳамчунин, шоирони шинохтаи тоҷик Гулназар Келдӣ ва Ҳақназар Ғоиб аз ашъори худ шеърҳо қироат карда, ба базмгаҳи ҳафтаи дӯстӣ шукӯҳи хосса зам менамоянд.

Декабрь 10, 2008 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид