МАҶЛИСИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛОРУ

Декабрь 18, 2008 14:08

              Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 17 декабр дар Душанбе маҷлиси шашуми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Белорус баргузор гардид. Дар он масъалаҳои вазъи имрӯзаи муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду мамлакат ва нақшаҳои ояндаи он дар соҳаҳои мошину дастгоҳсозӣ, кишоварзӣ, ҷустуҷӯ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва воридоту содироти мол муҳокима шуданд. Дар маҷлис ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Лариса Кислякова ва ҳайати Белорус таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Игор Петришенко ширкат варзиданд.              Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду кишвар дар давоми даҳ моҳи соли равон қариб 70 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Тарҷумон — Қудратов А. 

Декабрь 18, 2008 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид