МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ

Декабрь 19, 2008 10:22

                  Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 18 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии дуюми Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат бахшида ба беҳтар сохтани шароити сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар он таъкид карда шуд, ки барои беҳтар сохтани шароити сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани сармоягузории бевоситаи хориҷӣ, инчунин рушди тиҷорат низоми мавҷудаи танзимро такмил додан зарур аст. Зикр шуд, ки Шӯрои машваратӣ айни ҳол самарабахш кор мекунад.                  Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо Метю Ле Блан баъди маҷлис зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор кард, ки дар бораи фаъолияти Шӯрои машваратӣ дар ҷараёни муқоисаи фаъолияти он бо сохторҳои дигар хулоса бароварда мешавад. Шӯро ҷараёни ислоҳотро ҳамаҷониба таҳлил карда метавонад.                 Раиси ширкати «Тезис Тоҷикистон Лимитед» Давид Робсон зикр кард, ки айни ҳол шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон то андозае ҷолиби диққат мебошад. Бинобар ин ширкати мо тайёр аст, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат сармоя гузорад.

Декабрь 19, 2008 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид