МАҶЛИСИ ПАЛАТАҲОИ ПАРЛУМОНҲОИ РУСИЯ ВА ҶТ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Дар Маскав мулоқоти роҳбарони палатаи тиҷоратию саноатии Русия бо ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси комиссияи байнипалатавии парлумонҳои ҳар ду мамлакат дар масъалаи ҳамкории Думаи давлатӣ ва Маҷлиси намояндагони мамлакати мо аз ҷониби Тоҷикистон Мирзошариф Исломиддинов баргузор гардид. М.Исломиддинов зикр кард, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба муносибатҳои ҳар ду мамлакат таъсири манфӣ расонд, дар натиҷа иҷрои баъзе барномаҳои муштарак хеле суст гардид. Вақтҳои охир, хусусан иҷрои созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат дар масъалаи коргарони муҳоҷир сабаби ташвишу изтироб мегардад. Коргарони муҳоҷир аз корхонаҳои Русия ба миқдори хеле зиёд аз кор озод карда мешаванд. Ин ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири калони манфӣ мерасонад. Қайд карда шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2007 — ум 20 фоизи хаҷми умумии хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону мамлакатҳои дигар ба Русия рост меояд. М.Исломиддинов пешниҳод кард, ки дар Палатаи тиҷоратию саноатии Русия барои омӯзиши масъалаҳои бо кор таъмин кардани коргарони муҳоҷир комиссияи алоҳида ташкил карда шавад. Ғайр аз ин дар Думаи давлатии Русия маҷлиси комиссияи ҳамкории байнипалатавии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти комиссия дар соли гузашта, ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати коргарон, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон дар ҳар дуи ин мамлакатҳо, нақшаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ ва ҳамкории палатаҳои поёнии парлумони Тоҷикистон ва Думаи давлатӣ муҳокима шуданд. Тибқи қарори қабулшуда маҷлиси ояндаи комиссияи ҳамкории палатаҳои парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон моҳи майи соли оянда дар Душанбе баргузор мегардад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






