МАБЛАҒИ БАРОИ ҚАРЗ ҶУДОКАРДАИ БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

Декабрь 3, 2008 16:40

         Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Маблағи пули дар муомилотбудаи Бонки рушди Тоҷикистон то 1 октябри соли 2008- ум қариб 60 миллион сомониро ташкил дод. Ҳаҷми афзоиши дороии  умумии бонк  нисбат ба солҳои гузашта 196 фоизро ташкил медиҳад. 60 фоизи  маблағи умумии бонк барои додани қарзҳои гуногун ҷудо карда шудааст. Дар бонки мазкур дар давоми нӯҳ моҳи гузашта ба мизоҷон ба маблағи  34,1 миллион доллари ИМА қарз дода шуд. Ҳол он, ки  дар давоми нӯҳ моҳи соли 2007 шумораи қарзгирандагони бонк хеле кам буда, маблағи барои қарз пешбинишуда, ҳамагӣ 5,34 миллион долларро ташкил медод.

Декабрь 3, 2008 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад