МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА ҚАРИБ ЯК БАРОБАР ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД

Декабрь 4, 2008 08:27

        Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷиргатол, соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 2652 гектар кишти картошка гузаронида шуда буд, ки аз он ҷамъоварии 55 ҳазор тонна картошка дар назар аст. Ҳоло дар ноҳия бештар аз 40 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар давоми ду соли оянда майдони кишти картошка қариб як баробар зиёд карда мешавад.         Пешбинӣ гардидааст, ки аз ҳисоби заминҳои нави обёришаванда майдони кишти картошка зиёд карда мешавад ва истеҳсоли солонаи картошка ба 75 ҳазор тонна расонида мешавад.   То соли 2015 майдони кишти картошка дар ноҳия ба 5 ҳазор гектар расида, истеҳсоли солонаи картошка ба 100 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд.

Декабрь 4, 2008 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд