МАКТАБҲОИ ИШКОШИМ ХУЛОСАИ МУСБАТИ ТАШХИСӢ НАДОРАНД

Декабрь 1, 2008 15:18

Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар соли 1974 аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Гипрострой» бо назардошти тамоми инфраструктураи шаҳрсозӣ таҳия гардидааст. Вале мутаассифона имрӯз дар маркази ноҳия иншоот мухолифи нақшаи генералӣ, берун аз хатти сурхи сохтмонӣ бунёд шудаанд.  Сохтмони мактаби №3 дар деҳаи Намадгуди поён хулосаи мусбати ташхиси лоиҳа надорад. Бунёди таҳкурсии бино бе гузоштани арматура, мухолифи меъёрҳои сохтмон ба иҷро расид. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки он сертификати сифатнокии масолеҳи сохтмонии истифодашударо надорад. Мактаби №35-и деҳаи Гармчашма низ барои таъмири асосӣ асноди лоиҳавии хароҷотӣ надорад.

Декабрь 1, 2008 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад