МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ НОҲИЯИ ҚУМСАНГИРРО ТАЪМИР КАРДАНД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- 19-уми декабри соли ҷорӣ сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ба мактаб-интернати нав таъмиршудаи ноҳияи Қумсангир ташриф овард. Бояд зикр намуд, ки Вазорати мудофиаи ИМА барои ин лоиҳа 76 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд ва барои назорати он ба Тоҷикистон як гурӯҳи артиши ИМА оид ба умури шаҳрвандиро фиристод. Корҳои таъмириро ширкати сохтмонии маҳаллии «Дӯстӣ» анҷом додааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд. Шаҳраки Дӯстӣ дар минтақаи серзилзила воқеъ аст. Аз ин рӯ, корҳои таъмирӣ пеш аз ҳама ба пурқувват кардани сохтори бино равона шуда буданд. Ҳамчунин, дару тирезаҳои мактаб-интернат ва сақфи хобгоҳи кӯдакон, ки аз заминларзаи охирин осеб дида буд, пурра иваз карда шуданд. Ноқилҳои барқ ва чароғҳои ошхона, ҳоҷатхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нав карда шуданд. Ба ҷои таҷҳизоти кӯҳнаву фарсуда ба ошхона плитаҳои хӯрокпазии нав гузоштанд, ки бо сӯзишвории гуногун кор мекунанд. Ҳама корҳои дуредгариву барқӣ ва лӯлакаширо мутахассисони тоҷик иҷро намуданд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур хобгоҳ ва дарсхонаҳои кӯдакони ятими ноҳияи Қумсангирро, ки баъди заминларзаҳои пайдарпаи солҳои охир ба таъмири ҷиддӣ сахт эҳтиёҷ доштанд, барқарор мекунад. Умуман, гурӯҳи артиши ИМА оид ба умури шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 185 ҳазор доллари амрикоӣ корҳои таъмириро маблағгузорӣ намудааст. Аз ҷумла дар Мактаб-интернати ноҳияи Қумсангир, Институти такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Хуҷанд, Мактаби рақами 17-и шаҳри Конибодом ва Мактаб барои нобиноёни шаҳри Исфара. Ҳамчунин, аз ҳисоби ин маблағ зиёда аз 1300 кӯрпа дар вилояти Суғд тақсим карда шуд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






