МАМЛАКАТҲОИ ҶАҲОН ФАЛАСТИНРО ҶОНИБДОРӢ МЕКУНАНД

Декабрь 31, 2008 09:59

        Вашингтон, 31 декабр. (АМИТ «Ховар» — НТВ).- Мамлакатҳои ҷаҳон барои қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона ва хунрезӣ дар воҳаи Ғаззаҳ тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд. Дирӯз дар Вашингтон дар назди  бинои маъмурияти Президенти  тозаинтихоби ИМА, Барак Обама намоиши серодам баргузор гардид. Намоишгарон шиорҳои зиддиисроилӣ бардошта буданд. Онҳо изҳор намуданд, ки маъмурияти имрӯзаи ИМА аз тарафи Исроил ишғол гардидани Фаластинро эътироф карда наметавонад ва дар ин масъала мавқеи бетарафиро ишғол намудааст. Бинобар ин  намоишгарон на ба Ҷ.Буш, балки ба Президенти нави мамлакат муроҷиат мекунанд. СММ, созмони «Хамос »  ва Исроил бояд амалиёти зӯровариро фавран қатъ намуда, ба қурбон шудани одамон роҳ надиҳанд.           Хабар дода мешавад, ки ҳазорон нафар сокинони Ню-Йорк аз иштирок дар намоиши идонаи солинавӣ даст кашида, байрақҳои Фаластинро бардошта ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо ба муқобили бомбаборони Фаластин аз тарафи Исроил эътироз баён мекунанд.        Ба тарафдории Фаластин дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон намоишҳо ва гирдиҳамоиҳо баргузор мегарданд. Аз ҷумла рӯзи гузашта намоишгарон дар пойтахти Юнон ба сӯи сафоратхонаи Исроил сангпартоӣ карданд. Дар Берлин қариб ду ҳазор нафар  намоишгарон талаб карданд, ки бомбаборони воҳаи Ғаззаҳ фавран бас карда шавад. Дар пойтахти Италия низ ба тарафдории Фаластин намоиши серодам баргузор гардид. Дар Сэул намоишгарон байрақҳои Исроилро оташ заданд. Намоишгарон дар пойтахти Каракас ду рӯз боз сафоратхонаи Исроилро иҳота кардаанд. 

Декабрь 31, 2008 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид