МАРҶУМАК БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ АСАЛ ШАҲДДИҲАНДАИ БЕҲТАРИН АСТ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Марҷумак аз ҷиҳати ғизонокӣ дар байни зироатҳои ғалладонагӣ дар ҷойи аввал меистад. Он барои истеҳсоли асал шаҳддиҳандаи аз ҳама беҳтарин аст.Аз як гектар киштзори марҷумак 80-100 кг асал гирифтан мумкин аст, ки чунин шаҳднокиро ҳеҷ намуди гул ва зироат надорад. Марҷумак ба риоя намудани мӯҳлати кишт эҳтиёҷи калон дорад. Давраи нашъунамои ин зироат хеле кӯтоҳ аст. Мӯҳлати мӯътадили кишти такрории марҷумак моҳи июн ва июл мебошад. Он то моҳи октябр пурра мерасад. — Марҷумак ба хунукӣ тобовар нест. Аз ин рӯ, онро тарзе кишт кардан лозим аст, ки то даҳҳаи авали моҳи октябр пурра ҷамъоварӣ гардад,- иброз дошт президенти Академияи кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар».








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






